баргард чоп кардан

Футбол: Тоҷикистон ба сабқати Кореяи Шимолӣ омодагӣ мебинад

Тими миллии футболи Тоҷикистон ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо дастаи Кореяи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд омодагӣ мебинад.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ФФТ иттилоъ доданд, бозии даври охирини гурӯҳи “С” миёни дастаҳои миллии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд 29-уми феврал соати 13 оғоз меёбад.

Бино ба иттилоъи манбаъ, ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Камол Алиспаҳич, мутахассиси босниягӣ, 23 футболбоз шомил шудааст: 12 нафар аз тими “Истиқлол”-и Душанбе, 8 нафар аз дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, як нафарӣ аз дастаҳои “Равшан”-и Кӯлобу “Энергетик” ва як легионер аз дастаи “Шинник”-и Ярославли Русия.

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол:

Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Владимир Сисоев («Регар-ТадАЗ»), Саидҷон Саидраҳмонов (“Равшан”)-дарвозабонҳо;  Фарҳод Восиев (“Шинник”, Ярославл), Соҳиб Саванқулов,  Давронҷон Эргашев, Умед Ҳабибуллоев (ҳар се – «Истиқлол»), Алексей Неъматов, Далерҷон Тухтасунов, Фаррух Чориев (ҳар се – «Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Назаров («Энергетик»)-ҳҳимоятгарон; Хуршед Маҳмудов, Илҳомҷон Ортиқов (ҳар ду – «Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Маҳмадалӣ Содиқов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев ( «Истиқлол»)-; Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (ҳар ду – «Регар-ТадАЗ»), Фарҳод Тоҳиров, Юсуф Рабиев (ҳар ду - «Истиқлол»).