баргард чоп кардан

Дар Украина ҳам Наврӯзро таҷлил мекунанд

Дар Киев вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо Вазири фарҳанги Украина Михаил Кулиняк баргузор гардид.Аснои мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла рушди ҳамкории созмонҳои эҷодӣ, тавсеаи робитаҳои намояндагони фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва Украина баррасӣ шуданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ иттилоъ доданд, сафири тоҷик аҳамияти татбиқи тавофуқҳои дар рафти сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Украина бадастомадаро дар бораи гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Украина ва Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон соли 2012 таъкид кард.
Ҳамзамон, ҷаноби Кулиняк ҳавасмандии ҷониби Украинаро дар инкишофи минбаъдаи робитаҳои фарҳангии дуҷониба тасдиқ намуда, тазаккур дод, ки дар ин ҷода рӯзҳои фарҳанги анъанавӣ мақоми хосро ишғол мекунанд.

Дар поёни нишаст дипломати тоҷик вазири фарҳанги Украинаро барои иштирок дар   ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки Сафорати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Ироқ, Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор менамояд, даъват намуд.