баргард чоп кардан

Тимошенко муддаии ҷоизаи сулҳи Нобел. "Ал-Ҷазира" ҳам

Бино ба маълумоти котиби Кумитаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ҳейр Лундестад барои дарёфти ҷойизаи сулҳи Нобел 231 довталаб пениҳод шудааст, ки аз ин миқдор 188 нафар афрод ва 43 муассиса будаанд.


Ҳейр Лундестад гуфтааст, беш аз 50 сол аст, ки номи довталабони ҷойизаи сулҳи Нобел махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва аммо ҷониби пешниҳоднамуда ихтиёр дорад онро ошкор намояд.

Имсол барои дарёфти ин ҷойиза аскари амрикоӣ барои манзур намудани маълумот ба сомонаи Викиликс, собиқ канслери Олмон Ҳелмут Кол барои муттаҳид намудани ду Олмон, сарвазири собиқи Укроин Юлия Тимошенко, ки феълан дар зиндон ба сар мебарад  ва ҳамчунин ширкати телевизионии “Ал-Ҷазира” ба ҳайси довталаб пешниҳод шудаанд.