баргард чоп кардан

Мулоқоти Лудин бо муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон

Имрӯз, 28 феврал дар шаҳри Кобул вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷовид Лудин баргузор шуд.


Аснои нишаст масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардида, баъд аз он мавзӯъи омодагӣ ба Панҷумин Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA V), ки дар таърихи 26-27 марти соли 2012 дар Душанбе баргузор мегардад, матраҳ шуд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ иттилоъ доданд, вобаста ба ин Н. Зоҳидов иброз дошт, ки ҷониби Тоҷикистон бо дастгирии коршиносони афғонистонӣ корҳои омодагиро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани конфронс идома дода, умедвори он аст, ки натиҷаҳои он барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҷдиди иқтисоди Афғонистон мусоидат хоҳанд кард. Дар ин замина ӯ роҳандозӣ намудани як қатор лоиҳаҳои минтақавии инфрасохториро муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон, Ҷовид Лудин аз мавқеи созандаи Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои вобаста ба Афғонистон, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои хислати минтақавидошта истиқбол карда, таъкид сохт, ки дар ин замина ҳамкории байни Афғонистону Тоҷикистон тақвияти бештар хоҳад дошт.