баргард чоп кардан

Мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ тақвият меёбад

Дар Суғд қарор «Дар бораи таъсис додани Комиссияи вилоятӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ» ба имзо расид.


Тибқи қарори мазкур ҳайат ва низомномаи комиссияи вилоятӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ тасдиқ карда шудааст.

Бояд гуфт, ки вазифаҳои асосии комиссия ин фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро бо дигар мақомотҳои дахлдори давлатӣ, корхона, ташкилот ва муассисаҳо дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, ҷиҳати такмили минбаъдаи заминаи меъёрии ҳуқуӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ пешниҳодҳо таҳия мекунанд ва ба ташкилотҳо ва шахсони манфиатдор дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ кӯмаки методӣ мерасонанд.

Хабарнигори маҳаллии «Озодагон» иттилоъ медиҳад, ки дар ин замина ба шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ ва Хадамоти матбуотии раиси вилоят супориш дода шудааст, ки оид ба корҳои анҷомдодаи комиссия дар самти мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ тариқи воситаҳои ахбори оммаи вилоят маводҳоро ба маълумоти аҳолӣ расонад.