баргард чоп кардан

18500 сомонии як соҳибкор ба яғмо рафт

Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, зимни амалиёти кормандони милиса дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд шаҳрванд Ҷамшед Турсунови 28- сола, сокини ҷамоати Ворух, кӯчаи К.Каримов 226, ки айни замон дар ягон ҷо кор намекунад, дастгир карда шуд.


Ӯ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Раҳматҷони 58- сола, сокини ҷамоати Чоркӯҳ  даромада, аз ӯ масолеҳи сохтмониро ба маблағи 18.500 сомонӣ гирифта, маблағашро барнагардонидааст.

Феълан, нисбати Ҷамшед Турсунов парвандаи ҷиноӣ  бо моддаи 247-и КҶ-и Тоҷикисон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.