баргард чоп кардан

Э.Раҳмон: Ҳадаф кам кардани шумораи андозҳо аст

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон сарвари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур дар нишаст ҳолати кунунии ҳамкорӣ ва роҳҳои дастгирии минбаъдаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Аз натиҷаҳо ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии беруна ба назар мерасанд, изҳори қаноатмандӣ гардид.

Гуфта мешавад, таваҷӯҳи бештар ба таҳияи Кодекси нави андози Тоҷикистон, ки аз шартҳои муҳими беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ба шумор меравад, зоҳир карда шуд.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳадафи аслӣ кам кардани шумораи андозҳо ва ҳаҷми онҳо мебошад, то ки андозсупорандагон даромадҳои воқеии худро рӯпӯш накарда, ба таври шаффоф амал намоянд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки чунин тарзи кор ҳам ба манфиати андозсупорандагон ва ҳам буҷети давлат буда, ҳолатҳои ба коррупсия мусоидаткунандаро аз миён мебардорад.
Маврид ба ёдоварист, лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистон аз ҷониби комиссияи ҳукуматӣ дар ҳамкорӣ бо коршиносони муассисаҳои байналмилалии молиявӣ таҳия мегардад.