баргард чоп кардан

Туркия- мизбони музокироти Теҳрон ва кишварҳои 1+5

Музокироти байни Эрон ва узви панҷгонаи доимии Шӯрои Амният бо иловаи Олмон эҳтимол аст дар моҳи апрел дубора оғоз гардад.


Ин суханонро вазири умури хориҷаи Туркия Аҳмад Довуд-оғлу рӯзи сешанбе, 28.02.2012 зимни як мусоҳибаи худ бо шабакаҳои давлатии ин кишвар иброз намуда, афзудааст: «Агар онҳо мақарри баргузории ин музокирот Туркияро пешниҳод намоянд, мо ҳатман мизбони эшон хоҳем буд ».

Ин дар ҳоле аст, ки Теҳрон борҳо омодагии худро барои баргузории ин гуфтушунид бо гурӯҳи 5+1 таъкид намуда, гуфтааст, ки аз ҳуқуқи ҳастаии худ даст нахоҳад кашид.

Ёдовар мешавем, ки ин гурӯҳи 5+1(Амрико, Англия, Русия, Фаронса, Чин ва Олмон) бо Теҳрон то кунун 2 маротиба музокироти чандҷониба гузаронидаанд.