баргард чоп кардан

Аҳмад Ҳасани 36-сола дар таърихи футбол рекорди нав гузошт

Аҳмад Ҳасан, футболбози тими миллии Миср рекорди қаблӣ дар мавриди шумори бозиҳо дар дастаи мунтахаб дар таърихи футболро тағир дод.


Шоми 29 феврал Ҳасан дар ҳайати яккачини кишвараш 179-ум маротиба ба майдон баромад. Ин рақам аз рекорди қаблӣ, ки ба дарвозабони тими Арабистони Саудӣ Муҳаммад ал-Деай (178 бозӣ) марбут буд, якто бештар аст.

Ҳасан рекорди навро дар дидори рафиқону бо тими миллии Нигерия гузошт. Ин бозӣ дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар баргузор шуд. Нимҳимоятгари 36-сола 14 дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ ба майдон баромад. Дидор бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи Миср поён ёфт.

Ҳасан фикр мекард, ки рекордро 27 феврал, замони рақобати тими миллии Миср бо мунтахаби Кения, ки 5:0 хотима ёфт мегузорад. Аммо тими миллии Кения ба ин бозӣ мунтахаби олимпии худро (бозингарони сини аз 23 поин) фиристоданд ва тибқи қавоиди байналмилалӣ ин дидор ба ҳисоб гирифта нашуд.