баргард чоп кардан

Мусодираи нушокиҳои спиртии бе тамғаи аксизӣ. Дар шимоли кишвар

Кормандони нозироти андози шаҳри  Хучанд беш аз 15 ҳазору 500 адад маводи алкоҳолиро мусодира намуданд.


Тавре ба «Озодагон» аз раёсати кумитаи андоз иттилоъ  доданд,  сабаби мавриди тафтишу мусодира қарор гирифтани маҳсулоти зикршуда, ин бе тамғаи аксизӣ будани нушокиҳои спиртӣ буд: «Дар назди автовокзали роҳи абрешими шаҳраки 34-уми Хуҷанд, маҳсулоти бе аксиз пайдо гардид, ки ба ҶДММ “Курӯш”- и ноҳияи Спитамен, “Сомғор”-и ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров, “Хайём”, “Шароб” ва “Шоҳин”-и шаҳри Хуҷанд тааллуқ  доранд».

 

Тибқи қонунгузории ҷорӣ барои ҳар як литри арақ 1 евро андоз муқаррар карда шудааст, ҳарчанд маблағи муқарраршудаи андози аксизӣ он қадар гарон набошад ҳам, бо вуҷуди ин истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагони маҳсулоти зераксизӣ  дар ин самт ба қонуншиканиҳои зиёд роҳ медиҳанд.

Маврид ба ёдоварист, соли 2011 дар вақти гузаронидани корҳои назоратӣ 19 ҳазору 192 адад  нушокиҳои спиртӣ бе тамғаи аксизӣ мусодира карда шуд. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби мутахассисони нозироти андози шаҳри Хуҷанд аз оғози соли равон  21 хазору 758 адад нушокихои спиртӣ, ки зиёда аз 40 намудро ташкил медиҳад, мусодира карда шуд, ки ин миқдор   нисбат ба тамоми давраи соли гузашта  зиёд мебошад.