баргард чоп кардан

Путин аз Зюганов се маротиба бештар овоз гирифтааст

Ҳисоби қаблии варақаҳои раъйдиҳӣ дар Русия бартарияти Владимир Путин, нахуствазири феълӣ ва довталаби асосӣ ба курсии президентии ин кишварро нишон медиҳад.


Зимнан, назарсанҷиҳо ҳам ба ин натиҷа буданд, ки оқои Путин барои севвумин бор (пас аз танаффуси як давраи чорсола дар симмати нахуствазир) райисҷумҳури ФР интихоб мешавад.

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Русия то ин соат Владимир Путин 64 дарсади овозҳои интихобкунандагон, Геннадий Зюганов беш аз 17 фоиз, Владимир Жириновский ва Прохоров мутаносибан 7 ва 7,8 дарсад ва Сергей Миронов 4 фисади ороро ба даст овардаанд.

Масъулини интихобот гуфтаанд, мизони ширкат дар интихоботи рӯзи якшанбеи 4-уми март нисбат ба интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2008 болотар будааст.