баргард чоп кардан

Вазири рушди иқтисоди Озарбойҷон дар ҳузури президенти ҶТ

Дар Душанбе мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Вазири рушди иқтисоди Озарбойҷон Шоҳин Мустафоев баргузор шуд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар нишаст масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуд.

 

Зимнан, аз баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон изҳори қаноатмандӣ гардида, таъкид шуд, ки имкону захираҳои фаровони ду кишвар барои густариши робитаҳои судбахш бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.Ҳавасмандии ҳарду кишвар ба рушди ҳамгироии сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, туризм ва ғайра таъкид шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои нақлиётӣ барои афзун намудани ҳаҷми боркашониҳо ва боло бурдани иқтидори транзитии ду кишвар зоҳир карда шуд.