баргард чоп кардан

Боздошти заминфурӯш дар ҷануби Тоҷикистон

Дар пайи як амалиёти кормандони милиса дар ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ Соатмурод Қараеви 47- сола боздошт гардид.


Тавре аз ВКД ба «Озодагон»иттилоъ доданд, номбурда сокини ҷамоати Маданият, деҳаи  Қазоқобод буда, айни замон дар ягон ҷой кор намекунад.

 

Манбаъ мегӯяд, ӯ моҳи июли соли 2011 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Кулматови   62- сола, сокини ҷамоати Узун даромада, барои 0,07 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 7000 доллари ИМА гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 247, КҶ-и Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.