баргард чоп кардан

Тӯҳфаи «МегаФон» ба истифодабарандагони фаъол. Дар Суғд

Рӯзноманигорон ва истифодабарандагони фаъоли сомонаи иҷтимоии Фейсбук дар шимоли кишвар аз бинои асосии ширкати мобилии «МегаФон» дидан карданд.


Бино ба қавли PR-менеҷери ширкати мазкур Шаҳнози Комилзод, онҳо бо кори операторони ширкат, ки муштариёнро ба алоқаи босифат таъмин мекунанд, ошноӣ пайдо карданд.

Зимнан, сардори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон» дар вилояти Суғд Парвиз Давлатов ба меҳмонон дар бораи рушд ва дастовардҳои ширкат маълумот дод.

Хабарнигорон ва муштариёни фаъоли сомонаи Фейсбук  бошанд, бо марказҳои фурӯш ва хизматрасонии ин ширкат шинос шуданд.

Манбаъ афзуд, дар рафти чорабинӣ иштирокчиён тамоми фикру мулоҳизаҳои худро оид ба хизматрасонии ин ширкати мобилӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо ёрии нетбук ва модемҳои «МегаФон» ҷойгир карданд. Иддае аз ширкатдорон барои назарҳои ҷолибашон аз ширкати мазкур модем тӯҳфа гирифтанд.