Омӯзиши забони давлатӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба роҳ монда шудааст.
Тавре ба «Озодагон» Муҳаммадюсуфи Шодӣ, сухангӯи ин ниҳод иттилоъ дод, барномаи омӯзишӣ аз ҷониби маркази таълимии фурудгоҳ таҳия шуда, ба он бештар калима ва ибораҳои вобаста ба
соҳаи ҳавопаймоӣ ворид гаштаанд.
Дар ҳамин ҳол оид ба рафти омӯзиши забони давлатӣ дар фурудгоҳ хабарнигорони ширкати телевизионии «МИР» Вера Исмоилова ва К+ (stan.tv) Ҳанифа Хоҷаева маводи диданӣ омода карданд, ки рӯзҳои наздик пешкаши тамошогарон хоҳад шуд. Хадамоти истеҳсолӣ-тиҷоратии фурудгоҳ бахши муҳим ба ҳисоб рафта, кормандони он ҳамарӯза бевосита бо мусофирон сару кор доранд. Кормандони хадамот ва шӯъбаҳои фурудгоҳ омӯзишгоҳҳои техникӣ, донишкадаю донишгоҳҳои ҳавопаймоиеро хатм намудаанд, ки дар онҳо таҳсил бо забони русӣ анҷом гирифтааст. Агарчи то имрӯз забони техникии ҳавопаймоӣ пурра ба тоҷикӣ гардонида нашудааст, аммо таҳсил имкон медиҳад, ки забони гуфтугӯ ва ҳуҷҷатгузорӣ пурра ба забони давлатӣ сурат гирад.{jathumbnail off}