баргард чоп кардан

«Барқи тоҷик»: Дар мавриди болоравии арзиши барқ хеч иттилоъ надорем

Болоравии нархи нерӯи барқ аз якуми апрели соли равон ҳоло аниқ нест ва ширкати «Барқи тоҷик» низ дар ин бора иттилоъ надорад. Ин нуктаро Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи «Барқи тоҷик» аснои сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» иброз дошт.


Ӯ гуфт:  «Расман ба иттилои Шумо мерасонем, ки то ҳол дар ин бора маълумоте вуҷуд надорад ва ширкати «Барқи тоҷик» низ дар ҳеч куҷо вобаста ба ин иттилое паҳн накардааст».

 

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати кишвар ахиран як санадеро ба тавсиб раонид, ки тибқи он дар назар аст аз моҳи оянда сокинони Тоҷикистон барои истифода аз як киловатт соат нерӯи барқ 11 дирам пардохт хоҳанд, ки ин рақам феълан 9 дирамро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, Нозирҷон Ёдгорӣ иброз медорад, ки «Барқи тоҷик» ҳаққи шарҳ додани ин қарори ҳукуматро надорад. Тибқи санади мазкур аз моҳи оянда корхонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ барои истифода аз як килувот соат нерӯи барқ бояд 25,63 дирам пардохт намоянд, ки то ҳол ин рақам муодили 21,3 дирам аст.

Ҳамчунин, гуфта шудааст, ки барои он муассисаҳое, ки аз буҷети кишвар маблағгузорӣ мешаванд, арзиши як киловатт соат нерӯи барқ 10,63 дирам муқаррар шудааст, ки қаблан чунин муассисаҳо 8,5 дирам пардохт мекарданд.