баргард чоп кардан

Тел-Авив ба ҷанг омодагӣ мебинад

Исроил омода намудани шаҳрвандони худ барои ҷанг бо Эрон ва дар рафти он истифода бурдан аз паноҳгоҳҳои шаҳриро оғоз кард. «Ал-арабия» бо такя ба шабакаи телевизионии «Euro News» менависад, ки ин тасмим дар пайи вохӯрии нахуствазири ин кишвар Бинёмин Нетонёҳу бо Барак Обама, райисҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед ва гуфтугӯи эшон дар бораи бӯҳрони атомии Эрон гирифта шудааст.


Ин дар ҳоле аст, ки Барак Обама зимни як суханронии худ дар созмони ОПЕК, рӯзи якшанбе иброз дошт, ки тамоми иқдомҳо барои ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, аз ҷумла роҳи ҳалли низомӣ матраҳ аст. Инчунин Обама таъкид бар он намуд, ки Исроил мумкин аст дар асоси манофеи хеш, тасмими мустақиле бигирад.

Тибқи назарсанҷии тоза нашргардида, 81 дар сади мардуми Исроил намехоҳанд, ки кишварашон бе пуштибонӣ ва дасгирии Амрико ҷангеро алайҳи Эрон шурӯъ кунад.Ба гуфтаи як намояндаи амниятии ин кишвар, душманони эшон Исроилро ҳадафи 200 ҳазор мушак қарор додаанд.