Театри миллии Юнони шимолӣ аз тамошобинон даъват кардааст, ки ҷои харидории чипта ба намоишномаҳо, беҳтар аст, ки бо худ ғизо биёранд.
Театр тасмим гирифтааст, ки дар пайи роҳандозии иқдоми хайриявӣ замони бӯҳрон ба бепарасторону модарони танҳо кӯмак намояд.
Театр аз шаҳрвандон хостааст, хӯрокҳое биёранд, ки ба зудӣ вайрон нашаванд, зеро баъдан ин ғизоҳо ба созмонҳои мухталифи хайриявӣ тақсим мешавад. Чунин як иқдом барои панҷ намоишнома амал хоҳад кард, ки моҳи март ва апрел манзур мешаванд.