баргард чоп кардан

Обама баъди панҷ рӯзи пирӯзӣ Путинро табрик кард

Барак Обама, райисҷумҳури Амрико дар сӯҳбати телефоние Владимир Путинро бо ғолибият дар интихоботи президентӣ шодбош гуфтааст.


Хабаргузориҳо бо такя ба иттилои Юрия Ушакова, ёвари нахуствазири Русия дар умури байналмилалӣ навиштаанд, ки гуфтугӯи телефонӣ ҳудуди 20 дақиқа идома кардааст. Обама гуфтааст, омодаи ҳамкориҳои зич бо «президенти тозаинтихоб» аст.

Владимир Путин ҳам ба ҳамтои амрикоияш дар маъракаҳои қаблазинтихоботӣ муваффақият хостааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин дурнамои саммити ФР-ИМА-ро, ки дар доираи он ҳамкориҳои ду кишвар оид ба масоили амниятӣ ва ворид шудани Русия ба созмони ҷаҳонии савдо баррасӣ мешавад, матраҳ кардаанд.

Ёдовар мешавем, Владимир Путин дар интихоботи рӯзи 4-уми март бо дарёфти беш аз 60 дар сади райъ барранда шуд. Маросими савгандёдкунӣ 7 май баргузор мешавад.