баргард чоп кардан

Ваҳшонияти як низомии амрикоӣ дар Қандаҳор ҷони 17 нафарро гирифт

Ҳомиди Карзай, президенти Афғонистон қатли 17 шаҳрванди осоиштаи кишварашро аз сӯи як сарбози амрикоӣ дар вилояти Қандаҳор маҳкум кард ва аз НАТО талаби шарҳи қазияро намудааст.


Райисҷумҳури давлати исломӣ гуфтааст, ин як сӯиқасд, куштори байнулмилалии шаҳрвандони бегуноҳ аст ва ғайри қобили бахшоиш аст.

Ҳамзамон, президенти ИМА Барак Обама гуфт, вай аз ин воқеа ҳайратзада шудааст ва ин куштор эҳтиромеро, ки мардуми афғон ба Иёлоти Муттаҳида дорад, паст мезанад.
Бино ба хабарҳо, як сержанти амрикоӣ шаби гузашта аз пойгоҳаш берун рафта, ба сокинони чанд манзил дар рустои Аликозайи вулусволии Панҷвоии вилояти Қандаҳор ҳамла кардааст. Вазорати умури дохилии Афғонистон низ қатли 16 нафари мулкӣ аз сӯи як сарбози амрикоӣ дар вилояти Қандаҳорро шадидан маҳкум кард.

Маврид ба тазаккур аст, ки чанд рӯз қабл дар яке аз посгоҳҳои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон аз сӯи низомиёни ин ниҳод китоби муқаддаси мусулмонон- Қуръон ба оташ партофта шуда буд ва мавҷи эътироҳои оммавиро ба дунбол дошт.