баргард чоп кардан

Миср: Тазоҳуроти густарда алайҳи Амрико

Миёни неруҳои амниятии Миср ва эътирозгароне, ки алайҳи дахолати Амрико дар умури дохилии ин  кишвар дар наздикии сафорати Амрико дар Коҳира шӯриш барпо карданд, задухурд  ба вуқӯъ пайваст.


Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, теъдоди зиёде аз эътирозгарони мисрӣ рӯзи гузашта шиорҳоеро алайҳи Шӯрои олии неруҳои мусаллаҳ ва Амрико дар даст доштанд, хостори хуруҷи сафири Амрико аз Миср шуданд. Дар ин ҳолат неруҳои амниятии Миср ба манзури пароканда кардани ҷамоатҳои эътирозгарон аз шеваҳои саркубкорона истифода карданд.

Бино ба иттилоъ, яке аз сабабҳои сар задани ин тазоҳурот, иҷозаи хуруҷ аз минтақаро додан ба чанд нафари хориҷӣ, ки муттаҳам ба дахолат дар умури дохилии Миср дониста мешуданд, мебошад.

Ин дар ҳоле аст, ки Амрико, Мисрро таҳдид карда аст дар сурати ҳаллу фасл нашудани ин мавзӯъ, кумаки молии 105 миллиард долларии худ ба ин кишварро қатъ мекунад.

Маврид ба ёдоварист, феълан 43 фаъоли мисрӣ ва хориҷӣ аз ҷумла, 16 шаҳрванди амрикоӣ ба дарёфти чеҳраҳои ғайриқонунӣ ва ташкили созмонҳои ғайридавлатӣ дар Миср муттаҳам ҳастанд.