баргард чоп кардан

АНМН аз бемасъулиятии волидайн дар ташвиш аст

Кормандони агентии назорати маводи нашъаовар дар якҷоягӣ бо намояндагони шӯъбаи ҷавонон, варзиш ва туризми ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар касабаи 15-уми пойтахт мулоқот баргузор намуданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, дар мулоқот масъалаҳои ҷинояткорӣ ва истеъмоли моддаҳои психоактивӣ дар байни наврасон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳамзамон, дар нишаст кормандони кор бо ноболиғони ШКД-1 ноҳияи Сино низ иштирок карданд. Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки бемасъулиятии волидайн дар тарбияи фарзандон ва набудани назорати ҳамешагӣ аз ҷониби онҳо боис мегардад, ки ноболиғон ба истеъмоли маводи мухаддир, машрубот ва тамоку рӯ оранд. Дар ҷараёни нишаст ба ширкаткунандагони калонсол, аз ҷумла ба падару модарон дар мавриди сабабҳои ба миён омадани нашъамандӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумоти зарурӣ дода шуд.