баргард чоп кардан

Кодекси нави андоз мавриди баррасӣ қарор гирифт

Чанде қабл лар Кумитаи андоз машварат «Оид ба тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани лоиҳаҳои мақсадноки аз ҳисоби маблағҳои гранту кредит» бо иштироки роҳбарону намояндагони лоиҳаҳои грантию инвеститсионӣ сурат пазируфт.


Тавре ба «Озодагон» аз кумитаи мазкур хабар доданд, ҳадаф аз ин ҳамойиш, омӯзиши таҳлили муқаррароти Кодекси андози Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 497 аз 01.11.2006 ва  дигар ҷабҳаҳои ҳуқуқии лоиҳаҳо арзёбӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки амалигардонии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон оид ба татбиқи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва такмили сохтори идораи давлатӣ, инчунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси вусъат ёфтани ҷараёни сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар ва ҷалби бештари кӯмакӣ берунӣ гардидааст.

 

Тавре зикр шуд, агарчи имрӯз Мақомоти андоз дар татбиқи  лоиҳаҳои сармоягузории  давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда бошанд ҳам, вале то ҳанӯз на ҳамаи имкониятҳои мавҷуда пурра истифода шудаанд.

Лозим ба таъкид аст, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани қонунҳои амалкунанда, Кумитаи андоз пайваста бо андозсупорандагони ватанию хориҷӣ ва муассисаҳои давлатии марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҷиҳати андозбандии лоиҳаҳои муштарак ва тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани амалиётҳои таҳвили мол, ки аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои грантӣ ба миён омадаанд, машваратҳои муфид доир менамояд.

Дар охир, роҳбарону намояндагони лоиҳаҳои грантию инвеститсионӣ  пешниҳоду андешаҳои  хешро атрофи таҳияи лоиҳаи нави Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав баён доштанд.