Кӯмаки президент ба хонаводаҳои камбизоати Ваҳдат
Ба ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоати шаҳри Ваҳдат кӯмаки хайрияи расонда шуд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳур, зиёда 7 ҳазору 200 нафар ниёзманд, аз ҷумла оилаҳои камбизоат ва хонаводаҳое, ки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар онҳо ба сар мебаранд, ёрдам гирифтанд. Ин кӯмак, ки аз маводи хӯрока, либосворӣ ва ғайра иборат аст, аз ҳисоби Фонди захиравии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ҷамъиятии хайрияи Эмомалӣ Раҳмон харидорӣ шудааст. Тибқи супориши Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар кӯмакҳои хайрия ба оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон расонда мешаванд.