баргард чоп кардан

Парлумони Миср Исроилро душмани рақами як эълон намуд

Дар ин бора «PressTV» навиштааст.

Дар гузориши ин шабакаи хабрӣ аз ҷумла омадааст:  «Маҷлиси намояндагони Миср бо тасвиби ин баёния, ҳамчунин хориҷ шудани сафири Исроил аз кишвар, фарохондани намояндаи ин кишвар аз Тел-Авив ва қатъи содироти газ ба минтақаҳои ишғолшударо талаб намуданд».

Тибқи гузориши манбаъ, ҳамчунин намояндагони маҷлис аз мақомоти кишвар талаб намудаанд, ки дар бораи тамоми тавофуқномаҳои худ бо Тел-Авив таҷдиди назар намояд.

Як фаъоли сиёсии ин кишвар мегӯяд: «Бо ин иқдом Миср, ки Исроилро душмани рақами яки худ эълон намуд, мумкин аст Вашингтон дари кӯмакҳои худро ба рӯйи Қоҳира бибандад».