баргард чоп кардан

Қаллоб 30.000 $-ро гирифта, бозпас додан намехоҳад

Тибқи иттилои ВКД шаҳрванд М.Холиқов (соли таваллудаш 1958, сокини кӯчаи Рӯдакии шаҳри Кӯлоб) боа риза ба ШКД-и минтақа муроҷиат кардааст.

Бино ба навиштаи ӯ, соли 2011 Қурбонов Ҳасан Раҳимович (соли таваллудаш 1965, сокини кӯчаи Сафарови ҳамин шаҳр) бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 30 000 доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Дар ҳамин ҳол, бону Мақсадова Н. (соли таваллудаш 1962, сокини кӯчаи Синои шаҳри Душанбе) низ аз он шикоят кардааст, ки 6-уми ноябри соли 2011 шахси номаълум пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии ӯ шуда, аз он ҷо 1 ҷуфт гӯшвор ва 1 адад ангуштарини тиллоиро, ки арзишашон 1000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврии ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса шаҳрванд Фарзона Сулаймоноваи 27-сола, сокини кӯчаи Синои пойтахт боздошт гардида, тафтишоти қазия идома дорад.