баргард чоп кардан

Ёдбуди Бимболат Ватаев дар Душанбе

Имрӯз, 15 март, дар Маркази илму фарҳанги Русия маҳфили ёдбуди Бимболат Ватаев баргузор имешавад.


Тавре ба хабаргузории Озодагон аз кумитаи тадорукоти ин ҷашнвора иттилоъ доданд, марҳум Ватаев иҷрокунандаи маъруфи нақшҳои асосӣ дар филмҳои бадеии «Ҳасани аробакаш», «Достони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб», «Қиссаи Сиёвуш» мебошад. Номбурда, унвони Ҳунарпешаи мардумии ФР  ва барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ буд.

Манбаъ афзуд, дар нишаст иштироки синамогарони маъруфи Тоҷикистону Русия аз қабили Майрам Исоева, Ҳабибулло Абдураззоқов, суратгир ва рассоми бахши синамои тоҷик Заур Дахте, ходимони дигари фарҳангу санъат, ки Бимболат Ватаевро шахсан медонистанд, дар назар аст.

Маврид ба ёдоварист, Бимболат Ватаев 15 марти соли 1939 дар Иристони Шимолӣ – Алания (Осетияи Шимолӣ) ба дунё омада, соли 1964 дар шаҳри Маскав Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Б.Шукинро хатм карда буд. Фаъолияташро ба ҳайси ҳунарпешаи синамо дар Тоҷикистон бо иҷрои нақши асосӣ дар филми «Ҳасани аробакаш» шурӯъ намуд. Б.Ватаев соли 2000 – ум вафот кард.