баргард чоп кардан

Карзай аз Амрико талаби тарк намудани Афғонистонро дорад

Ҳомид Карзай аз Амрико талаб намудааст, ки амнияти кишварашро ҳарчӣ зудтар, яъне қабл аз вақти таъйиншуда ба нерӯҳои пулис ва артиши афғон супорад.


Дар инбора хабаргузории «PressTV» иттилоъ дода навиштааст, ки  Карзай рӯзи панҷшанбеи 15-уми март зимни мулоқот бо вазири дифои Амрико Леон Панетта бо ишора ба гуфтаҳои боло афзудааст: «Мақомоти ин кишвар омода ҳастанд, то масъулияти хешро ба таври куллӣ бар ӯҳда гиранд».

Ин дар ҳоле аст, ки қарор буд, дар соли 2014 нерӯҳои низомии Амрико ин минтақаро тарк намуда, амнияти кишварро ба пулис ва артиши минтақа супоранд.

Маврид ба ёдоварӣ аст, ки ҳиссиёти зидди амрикоӣ дар Афғонистон аз замони иҳонат ёфтани арзишҳои исломӣ, аз ҷумла сӯзонидани Қуръон аз ҷониби нерӯҳои амрикоӣ ба миён омада, рӯз аз рӯз вусъат меёбад.