баргард чоп кардан

Дуздӣ дар бозори назди истгоҳи «Роҳи Оҳан»

Ҳамёни ҷавоҳироти як соҳибкори бозори назди истгоҳи «Роҳи Оҳан»-ро ба яғмо бурданд.


Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, дар ин бора  аризаи шаҳрванд, Сергей Лаврусеви 66- сола, сокини гузаргоҳи 4-уми кӯчаи Н.Қарабоев, ворид гардидааст.

 

Ба навиштаи мавсуф, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи савдои ӯ, воқеъ дар бозори назди истгоҳи «Роҳи Оҳан»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳамёнашро, ки дар дохилаш 25 адад ангуштаринҳои нуқрагини мардона, 10 адад кулонҳои нуқрагин, 5 адад гарданбандҳои нуқрагин, 60 адад тангаҳои нуқрагинро дуздидааст, ки маблағи умумии он 6.000 сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуд, аснои амалиёти вижаи кормандони милиса шаҳрванд Умар Маҳмудови 53 сола, сокини кӯчаи Улуғбек боздошт гардида, тафтишот идома дорад.