баргард чоп кардан

Фурӯши машруботи спиртӣ дар Қатар. Дар соли 2022

Қатар барои фурӯхтани машруботи спиртӣ дар варзишгоҳҳо дар ҷараёни баргузории бозиҳои футболи Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар ин кишвар иҷоза ҳоҳад дод.

Ҳасан Заводӣ, раиси кумитаи олии Ҷоми чорабинӣ дар Қатар, иттилоъ додааст, ки  шахсан ман зидди истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ дар варзишгоҳҳо ҳастам, аммо тасмими ниҳиро дар ин бора мақомоти Қатар ва ФИФА хоҳанд гирифт.

 

Бо сабаби он ки Қатар, мизбони Ҷоми ҷаҳонии 2022 мебошад, бо вуҷуди бархе мухолифатҳо ҳанӯз масъала иҷоза додани фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар ҷараёни баргузории ин чорабинӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.Аз ҷумлаи кишварҳое, ки хариду фурӯши машруботи спиртиро дар варзишгоҳҳояш манъ кардааст, Бразилия мебошад. Ин иқдомро Бразилия  барои ҷилавгирӣ аз хушунат дар варзишгоҳҳо дар рафти мусобиқот пеш гирифтааст.

Маврид ба ёдоварӣ аст, ки фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар Қатар танҳо дар меҳмонхонаҳои «Панҷ ситора»-и ин кишвар иҷоза дода шудааст.