баргард чоп кардан

Суғд: Ярмарка-фурӯши маҳсулоти Наврӯзӣ

Бо ибтикори ҳукумати вилоят дар се минтақаи шаҳри Хуҷанд: майдони «Ситораҳои Хуҷанд», маҳаллаи 20-ум ва минтақаи 12-ум ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барпо шуд.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, кишоварзони навоҳии атроф ба шаҳриён барои пурбор сохтани дастурхони Наврӯзиашон ба миқдори зиёд маҳсулоти полезӣ, гӯшту равған, орду биринҷ ғалладонагиҳо ба миқдори беш аз 100 тонна ба фурӯш оварданд. Нархи маҳсулот назар ба бозор то 15-20% арзон буд.
-Бори чандум аст, ки дар мо чунин ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи арзон баргузор мегардад,- гуфт зимни сӯҳбат ба мо сардори шӯъбаи савдои шаҳр Абдуваҳҳоб Ҳомидов