баргард чоп кардан

Мирзошоҳрух Асрорӣ дар Маскав нишасти хабарӣ доир месозад

Аз дафтари матуботии сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ки дар робита ба таҷлили Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия нишасти хабарии масъулини баргузории ин ҷашнвора доир хоҳад гашт.

Шоҳин Самадов, як масъули маркази матуботи сафорати Тоҷикистон    гуфт, пеш аз шурӯъи намоиши барномаи омоданамудаи устодону чеҳраҳои саршиноси фарҳангу санъати Тоҷикистон дар Театри хурди академии Маскав бо иштироки хабарнигорони Русияву хориҷи  он, аз ҷумла хабарнигорони Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар таҷлили ин ҷашн иштироки вазири фарҳанги Тоҷикистон, Мирзошоҳрух Асрорӣ дар назар аст  ва эҳтимоли  ширкати ӯ дар нишасти хабарӣ   низ ҷой дорад.