баргард чоп кардан

Суғд: Пойгаи асп дар масофаи 1200 метр

Дар робита ба иди байналхалқии Наврӯз дар пойгоҳи ҷамъияти саҳҳомии ба номи  Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи вилоятӣ оид ба аспдавонӣ баргузор гардид.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд, дар он беҳтарин човандозони вилоят иштирок доштанд. Муовини раиси вилоят Аҳмадҷон Қобилов дар оғози чорабинӣ кулли иштирокчиёнро аз номи роҳбарияти  вилоят бо иди аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯз шодбош гуфта, ба онҳо комёбиҳо таманно кард.

Зимнан, мусобиқаи вилоятӣ оид ба аспдавонӣ дар шаш марҳила ба масофаи 1200 метр баргузор гардид. Дар марҳилаи аввал Бахтиёр Раҷабов аз шаҳри Истаравшан, марҳилаи дуввум  Ҳоҷиқурбон Мирзоев аз ноҳияи Мастчоҳ, дар марҳилаи сеюм намояндаи  ипподроми «Рухак»-и шаҳри Хуҷанд ҷойҳои аввалро соҳиб гардида, сазовори тӯҳфаҳо  шуданд.

Соҳибони ҷойҳои якуму дуюм чобуксаворони аспҳо бо номи «Арагон» ва «Агрегат» аз ипподроми «Рухак»-и шаҳри Хуҷанд мутаносибан сазовори 5 ва 3 ҳазор сомонӣ ва савори асп бо номи «Отелло» аз ноҳияи Ҷаббор Расулов 2 ҳазор сомонӣ мукофот гирифтанд.