баргард чоп кардан

Кашфу мусодираи беш аз 13 кило маводи нашъадор аз сӯи кормандони ВКД

Аснои баргузории як амалиёти вижаи кормандони милиса дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон миқдори зиёди маводи мухаддир забту мусодира гардид.

Тавре ба хабаргузории  Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, рӯзи гузашта, дар дидбонгоҳи доимамалкунандаи «Файзобод-Қалъа» автамашинаи тамғаи «ВАЗ-21099», таҳти идораи Саламшоҳ Орзуеви 24- сола, сокини ҷамоати Меҳвар, деҳаи Бедак  мавриди тафтиш қарор гирифт.

Манбаъ афзуд, ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз ҷойи нишасти ронанда аз дохили як борхалта маводи нашъадори навъи «ҳашиш» вазнаш 2 килою 450 грамм, дарёфт ва мусодира карда шудааст. Зимнан, аз анҷомхонаи манзили истиқоматии ӯ   10 килою 895 граммми дигар ҳашиш, ҷамъ 13 килою  345 грамм дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Феълан, нисбати қочоқчӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.