баргард чоп кардан

«Виралон»-и файзободӣ барандаи Ҷом дар сабқати пойга

Асп бо лақаби «Виралон» таҳти рақами 13 масофаи 1600 метрро дар муддати 1 дақиқаву 13 сония тай намуда, сазовори Ҷоми Наврӯз-2012 гардид.

Тавре Муродалӣ Тешаев сухангӯӣ Кумитаи миллии олимпии кишвар ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, дар майдони «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт мусобиқаи аспдавонӣ, бо иштироки беҳтарин савораҳои кишвар ва аспҳои зоти тоҷикӣ-англисӣ сурат пазируфт.

Манбаъ ҳамчунин гуфт, мусобиқаи аспдавонии имсола аз 10 давр иборат буда, масофаи 1600 метрро дар бар мегирифт. Ғолибони ҷойҳои якуму дуюми ин даврҳо ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳхат мегирифтанд. Пас аз сипарӣ гардидани даври нимниҳоӣ 9 аспи ғолиби даврҳои гузашта ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар даври ҳалкунанда асп бо лақаби «Виралон» таҳти рақами 13 аз хоҷагии деҳқонии Дошмандии ноҳияи Файзобод, ки савораи он Лутфулло Муродов буд, дар муддати 1 дақиқаву 13 сония нахустин шуда ба хатти марра расид ва сазовори Ҷоми Наврӯз-2012 гардид.