баргард чоп кардан

Кашфу мусодираи беш аз 16 кило маводи мухаддир дар шимоли Тоҷикистон

Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, шоми дирӯз (27-уми март) дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, аз тарафи кормандони шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РКД- вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сокини 44-солаи  ноҳияи Ҷаббор Расулов А.С. дастгир карда шудааст.

Манбаъ афзуд, вай пештар ду бор суд шудааст ва ин дафъа аснои кофтукоби шахсӣ аз  ӯ 31 адад бастаҳои бо маводи ҷигарранги фишурдашудаи бӯи махсус дошта дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Мувофиқи маълумоти ташхисгоҳи криминалӣ ин бастаҳои маводи   ҳашиш буда, вазни хоси он 16 кг 062 грамро ташкил намудааст.

Феълан, оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.