баргард чоп кардан

ФБД дар рӯзҳои ҷашн иловатан ба 38 парвози ҳавопаймоҳо хизмат расонид

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар арафа ва рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналхалқӣ, ки дар Душанбе сурат пазируфт, меҳмонони ҷашнвораро аз кишварҳои олам қабул кард.

Тавре ба Озодагон аз ин муассиса иттилоъ доданд, фуруд омадани ҳавопаймоҳои меҳмонон аз 23-уми март шурӯъ гардид. Нахуст ҳавопаймои меҳмонони покистонӣ 23-уми марти соли равон соати 16.00 фуруд омад ва маросими қабули меҳмонониба ҷашнвора даъватшуда оғоз гардид. Дар таърихи 24-уми март меҳмонон аз Теҳрон, Исломобод, Алмаато, Кобул, Киев ва дар таърихи 25- уми март меҳмонон аз шаҳрҳои Ашқобод, Кобул, Исломобод, Остона, Анқара, Дохаи Қатар ва Мазори Шарифи Афғонистон ташриф оварданд.

 

Зимни ин ҷорабиниҳо фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонони ҷашнвора омодагии  ҳамаҷониба дида, ба қавле аз гул пойандоз густурда буд.

Манбаъ афзуд, кормандони фурудгоҳ бо либоси идонаи расмӣ меҳмононро пешвоз мегирифтанд. Масъулини хадамоти амнияти авиатсионӣ, хизматрасониҳои рӯизаминӣ, муҳандисӣ-авиатсионӣ, аэровокзал, аэродром ва дигарҳо кӯшиданд то ба ҳавопаймоҳо ва меҳмонон хизмати хуб расонанд.Зимни гусели меҳмонон низ кормандони фурудгоҳ кӯшиданд, то меҳмонон бо таассуроти неки бардошта ба кишварҳои худ баргарданд.

Гуфтанист, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар қатори парвозҳои муқаррарӣ иловатан ба 38 парвози дигар, ки вобаста ба қабул ва гусели меҳмонони ҷашнвора буд, хизмат расонида шуд.