баргард чоп кардан

Даъвати наваскарон ба сафи артиши миллӣ дар Суғд шурӯъ гардид

Ахиран, қарори марбутаи раиси вилоят «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1985-1994 ба хизмати ҳарбӣ  давоми моҳҳои апрел-майи соли 2012»   ба тасвиб расид.

Мутобиқи қарори мазкур моҳҳои апрел ва майи соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд навҷавононе, ки то рӯзи даъват ба сини 18-солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод бадан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Ҳамчунин, барои роҳбарӣ ва назорат аз фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳайати комиссияи вилоятӣ тасдиқ карда шуд, ки  даъвати шаҳрвандонро мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

Тибқи қарори мазкур Раёсати корҳои дохилии вилоят вазифадор гардидааст, ки ба комиссириатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Суғд мутобиқи муқаррароти санадҳои қонунгузорӣ барои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ёрии амалӣ расонида, нисбати ашхосе, ки аз даъват саркашӣ мекунанд, тибқи дархости хаттии комиссариатҳои ҳарбӣ чорабиниҳои кофтуковӣ гузаронида, барои боздошт ва ба нуқтаҳои даъват ҳозир шудани онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар ҳамин ҳол, раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, идораи телевизион ва радиои вилояту рӯзномаҳои вилоятӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷараёни даъвати баҳорӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстонаи ҷавононро дар байни аҳолӣ васеъ тарғибу ташвиқ намоянд.