баргард чоп кардан

Бародаӣ: Ҳар касе қасди ҳамла ба Эронро дошта бошад бояд комилан девона бошад

Муҳаммад Ал- Бародаӣ, мудири собиқи агентии байналмилалии энергияи атомӣ тайи мусоҳибае бо як хабаргузории Олмон эълом кардаст, ки фикр намекунад ҳамлаи Исроил ба Эрон рӯзҳои наздик ба вуқуъ пайвандад.

Ӯ афзуда, ки ман фикр мекунам ҳар касе, ки қасди ҳамла ба Эронро дорад ошкоро бояд гуфт, ки комилан девона будааст.

Ҳамзамон, Ал -Бародаӣ таъкид кард, дар сурате, ки Исроил воқеан ба Эрон ҳамла кунад Теҳрон ҳимояти ҳар эронӣ ва бахши умдаи аз мардум дар Ховари Миёна ва бисёре аз мардум дар сартосари  ҷаҳонро хоҳад дошт. Мудири собиқи агентии байналмилалии энергияи атомӣ гуфт: «Ман дуо мекунам, ки ин мавзӯъ ҳаргиз иттифоқ наафтад, зеро мӯътақидам, ки исроилиҳо дарк мекунанд, ки ин мавзӯъ ба ҷойи он ки амнияти онҳоро афзоиш диҳад, амнияташонро коҳиш хоҳад дод.

Номбурда илова намуд, ки Исроил зиёда аз 200 бомбаи ҳастаӣ дорад: « Як эҳсоси ноамнӣ дар Ховари Миёна вуҷуд дорад, шумо бояд бо нияти хуб амал карда ва Ховари Миёнаи орӣ аз таслиҳоти куштори ҷамъӣ эҷод кунед».