баргард чоп кардан

Медведев ба Ромни пешниҳод кард, ки қабл аз «гуфтан» фикр кунад

Президенти Русия ба изҳороти Мит Ромни номзади мансаби раёсатҷумҳури Амрико аз ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки Русияро душмани роҳбурдӣ ва шумораи яки ИМА номида буд, посух дод.

Медведев гуфт: «Изҳороти Ромни буйи Голдивуд медиҳад».

Зимнан, Медведов афзуда, ки номзадҳои мансаби раёсатҷумҳурии Амрико пеш аз ба забон овардани ин гуна суханон бояд ба садои ақли хеш гӯш диҳанд. Раиси  ҷумҳурии Русия таъкид кард, ки ҳанӯз ин имкон вуҷуд дорад ва мо фурсати онро дорем, то дар робита бо сомонаи дифоъи зидди мушакӣ, ки НАТО дар пайи эҷоди он дар хоки Урупо аст ба тавофуқ даст ёбем. Аммо ин масъала замоне осон хоҳад буд, ки ҳамаи неруҳои сиёсӣ нисбат ба он чизе дар ҳоли таҳақуқ аст, эҳсоси амният кунад.