баргард чоп кардан

Афғонистон аз афзоиши ҳолатҳои худсӯзии шаҳрвандон нигарон аст

Соли сипаришуда дар қисмати ғарбии Афғонистон 94 талоши худсӯзӣ ба қайд расидааст, ки 88 дар сади ин афродро бонувон ташкил медиҳанд.


Дар ин бора корманди табобатхонаи шаҳри Ҳирот Муҳаммад Ориф Ҷалолӣ иттилоъ додааст.

Ба қавли номбурда 59 каси даст ба худсӯзӣ зада ба ҳалокат расидаанд. Дар соли 2010 аз 95 ҳолати худсӯзӣ 54 нафар вафтида буд.

Низоъҳои оилавӣ, маҷбуран хонадор кардан, фақру нодорӣ ва муътодии маводи мухаддирро Муҳаммад Ориф Ҷалолӣ аз иллати аслии худсӯзиҳо унвон кардааст.

Ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқи инсон мегӯянд, бо роҳи худсӯзӣ мақтулон мехоҳанд таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба мушкили худ ҷалб созанд, аммо аз чӣ қадар хатарбор будани амали худ андеша намекунанд.