баргард чоп кардан

Пойтахти Тоҷикистон як ҳафтаро ба кӯдакону наврасон мебахшад

Душанбе барои фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" ва намоиши китоб таҳти унвони "Як ҳафтаи фараҳбахш", ки аз 2 то 9-уми апрел баргузор хоҳад шуд, омодагӣ мегирад.


Тавре аз Вазорати фарҳанг ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ҷашнвораи мазкур бо ибтикори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар доир мегардад. Чорабиниҳо дар бинои Иттифоқи нависандагон ва Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов баргузор мешаванд.