баргард чоп кардан

Муовини аввали ВКХ-и Тоҷикистон ба Минск рафт

Муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров озими шаҳри Минск гардид.

Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ин вазоратхона иттилоъ доданд, фардо дар ҷумҳурии Беларус ҷаласаи шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад.
Зимнан, дар ин нишаст масоили марбут ба амалисозии қарорҳои ҷаласаи моҳи декабри соли 2010-и шӯрои амнияти дастаҷамъӣ  ва самтҳои асосии фаъолияти созмон дар соли 2011, рушди вазъи байналмилалӣ, ҳамкории ин ниҳод бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дигар масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти минтақавӣ баррасӣ мегарданд.
Интизор меравад, дар кори нишасти шӯро президенти Беларус Александр Лукашенко ширкат ва суханронӣ кунад.