баргард чоп кардан

Чин хоҳони тааҳуди мухолифони давлати Сурия ба тарҳи сулҳ

Чин аз мухолифони таҳти ҳимояти ғарбии давлати Сурия хоста аст, ки ба тааҳудоти худ дар қиболи тарҳи сулҳ ироа шуда аз сӯи СММ ва Иттиҳодияи араб пойбанд бошанд.

Ҳонг Лӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин рӯзи ҷаҳоршанбе гуфт: «Умедворем, ки мақомоти Сурия ва тарафҳои даргир дар ин кишвар ба тааҳудоти худ амал кунанд». Ӯ ин изҳоротро пас аз он баён кард, ки Димишқ тарҳи сулҳи ироашуда аз сӯи Кофӣ Аннан, фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи Арабро пазируфт.

Ҳадаф аз ин тарҳ шаш моддаи поён додан ба нооромиҳои яксола дар кишвари Сурия аст. Тарҳи пешниҳодии Аннан шомили оташбас, дастрасӣ додан ба оҷонсҳои кӯмакрасони инсонӣ ва ҳамчунин гуфтӯгӯи сиёсӣ байни Димишқ ва мухолифон мешавад.

Ҳамчунин, Пекин ваъда додааст, ки ба ҳимоят аз талошҳои Аннан идома диҳад. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин гуфт: «Пекин фаъолона ба ҳамкорӣ бо талошҳои миёнаравии Аннан ва ҳамчунин ҳимоят аз он идома медиҳад ва умедвор аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ муқарраротеро барои таҳаққуқи ин амр вазъ кунад.

Гуфтанист, Сурия аз миёнаҳои моҳи марти соли 2011 саҳнаи нооромиҳо аст.