баргард чоп кардан

Амрико: Башор Асад бояд аз сари ҳокимият канор равад

Асад бояд аз қудрат канорагирӣ кунад, ҳатто агар тарҳи Кофӣ Анан, намояндаи муштараки Иттиҳодияи Араб ва СММ-ро ҳам қабул кунад.

Дар ин бора ҳукумати ИМА эълом доштааст. Ба гузориши телевизиони «Ал-арабия» ҷон Эрст, сухангӯи Кохи Сафед дар ин бора гуфт: «Вашингтон аз мавзӯи худ дар баробари Башор Асад ақибнишинӣ намекунад, зеро ӯ борҳо ваъдаи ислоҳот дод, аммо ҳамеша ба ваъдаҳояш амал накард».

Намояндаи ҳизби ҷумҳурихоҳ дар маҷлиси сенати Амрико пешнависи қатъномаеро содир карданд, ки зимни маҳкум кардани Асад ба далели кор гирифтан аз хушунат алайҳи мардуми Сурия, мусаллаҳ кардани мухолифонро низ пешниҳод мекунад. Ин қатънома ҷанбаи «рамзӣ» хоҳад дошт ва барои давлати Амрико дархости иҷроӣ надорад.

Қатъномаи пешниҳодӣ бо маҳкум кардани «ҷинояти ваҳшатангез»-и режими Башор Асад, аз мардуми Сурия барои расидан ба зиндаги шарофатмандона бо сулҳ ва оромиш ҳимоят карда ва дифоъ аз худро барои онҳо ҳаққи мусаллам медонад.

Қатънома зимнан аз давлати ИМА мехоҳад, ки аз дастрасии «Ал-қоида» ба аслиҳа ҷилавгирӣ намояд.