баргард чоп кардан

Акнун маълум аст, ки кӣ президент мешавад

Кумитаи оид ба ахлоқи Федератсияи ҷаҳонии футбол ФИФА  Муҳаммад бин Ҳаммам, раиси федератсияи футболи қораи Осиё  ва муовини раиси ФИФА Ҷек Уорнерро барои муваққат  аз вазифаҳояшон барканор кард.

Ҳамчунин ин кумита аз баррасии қазияи даст доштани Ҷозеф Блаттер, президенти ФИФА дар фасоди молӣ иктифо кардааст.

Гуфта мешавад, аз сӯи Муҳаммад бин Ҳаммам ва Ҷек Уорнер дар вохӯрии иттиҳоди футболи минтақаи баҳри Қариб барои дастгирии номзадиаш ба мақоми президенти ФИФА ҳолати пешниҳоди пора ошкор шудааст.

Ҳамчунин, Муҳаммад бин Ҳаммам баъди ошкор шудани ин қазия ва барканории муваққатиаш аз мақом расман номзадиашро дар сабқати расидан ба курсии президенти ФИФА бозпас гирифтааст.

Акнун роҳ барои расидани такрорӣ ба маснади президенти ФИФА танҳо ба номзади ягона Ҷозеф Блаттер  хеле васеву фарох гаштааст.

Ёдовар мешавем, интихоби раиси ФИФА рӯзи 1 июн баргузор хоҳад гашт.