баргард чоп кардан

Дар Тавилдара ҳудуди як ҷамоат хурд шуд. Шаҳри Қӯрғонтеппа баръакс

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон  илтимосномаи  Маҷлиси вакилони ноҳияи Тавилдараро ҷонибдорӣ кард.

Тавре ба Озодагон аз ММ МО иттилоъ доданд, вакилони маҳаллии ин минтақа хостори хурд намудани деҳоти «Сангвор» ва ташкил кардани деҳоти «Ваҳдат»-ро карда буданд. Гуфтанист, ин тасмим дастгирӣ ёфт ва ҷамоати нав дар ҳайати рустоҳои Ғовд, Алисурхон, Нусонӣ, Лангар, Лоҷург, Сарха, Хубон, Сикад, Роға, Арзинг, Сангвор ва Найгуфт бо маркази маъмурӣ дар деҳаи Лоҷург дастгирӣ ёфт.

Ҳамзамон, дар иҷлосияи мазкур қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани тарҳи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон»  қабул гардид, ки  мутобиқ ба он  ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба масоҳати 1775,82 гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Бохтар 1612,04 гектар ва аз заминҳои ноҳияи Вахш 163,78 гектар васеъ карда мешавад.

-Дар иҷлосия як қатор масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ шуда, зимнан, бинобар ба кори дигар гузаштан ваколати узви Маҷлиси миллӣ Матлубхон Давлатов ва Нуриддин Саидов пеш аз мӯҳлат қатъ ва ҳар кадоми онҳо барои фаъолияти пурсамарашон дар Маҷлиси миллӣ бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд,-афзуд манбаъ.