баргард чоп кардан

Кличко медали як миллион фурӯхтаашро бозпас гирифт

Владимир Кличко, муштзани укроинӣ нишони тиллоии худро, ки аз Олимпиадаи соли 1996 ба даст оварда буд, дар як музоядае фурӯхт.

Аммо ҳамагӣ баъди чанд лаҳза онро дигарбора ба боксчӣ бозпас оварданд. Нафари ношинос, ки барои ин медал як миллион доллар пардохт кард, тасмим гирифтааст, онро ба соҳиби аслияш баргардонад. Гуфтааст, ин корро барои эҳтироме, ки ба Кличко ва хонаводаи ӯ дорад, анҷом додааст.

Ба қавли Кличко, нишони тиллоии Олимпиадаи Атлант дастоварди муҳим барои ӯ ва бародараш Виталий дар бокси касбӣ буд. Муштзан ба харидори нишонаш аз номи кӯдакон, волидон ва устодоне, ки маблағи фурӯши билет барои кӯмаки онҳо фиристода мешавад, изҳори сипос кардааст.

Ҳамчунин, дар музоядаи хайрияви дар шаҳри Киев беш аз якуним миллион доллар доду гирифт шуд. Инҷо соати брилиантдор бо изи ангуштони Виталий Кличко ва сурати дар ҷараёни ринги яке аз бародарон кашидашуда низ харидор ёфт.

Феълан бародарон тамоми унвонҳои қаҳрамонии муштзанӣ дар вазни вазнинро доранд. Владимир Кличко суперчемпиони WBA (Анҷумани ҷаҳонии бокс), қаҳрамони IBF (Федератсияи байналмилалии бокс) ва чемпиони WBO (Созмони ҷаҳонии бокс) аст. Виталий Кличко бошад, соҳиби камарбанди қаҳрамонии WBC (Шӯрои байналмилалии бокс) мебошад.