баргард чоп кардан

Муҳоҷирати волидайн сабабгори зиёдшавии ҷиноят дар байни кӯдакон аст

«Риояи ҳуқуқи инсон дар низоми адолати судӣ».

Таҳти чунин унвон имрӯз, 30-юми март дар меҳмонхонаи мавсум ба «Меркурий»-и шаҳри Душанбе бо иштироки коршиносон, намояндагони ташкилотҳои мухталифи ғайридавлатӣ, ҳуқуқшиносон ва намояндаҳои мардумӣ дар парлумони кишвар ҳамоиши вижа баргузор шуд. Зикр шуд, ки роҷеъ ба натиҷаҳои мурофиаҳои судӣ миёни судяҳои суди минтақаҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла Хатлон ва Суғд мониторинг гузаронида шуд. Бо таваҷҷӯҳ ба натоиҷи мониторинги мазкур иштирокчиёни нишаст ҷиҳати риояи ҳуқуқи инсон дар мурофиаҳои судӣ ва ба низом даровардани адолати судӣ таклифу пешниҳоди зиёде низ доштанд.

Ҳамзамон, Тоҷиддин Ҷалолов, роҳбари ташкилоти чамиятии ҳуқуқи кӯдак ба хабаргузории Озодагон гуфт, мутаасифона, дар Тоҷикистон мутахассисони махсуси соҳаи ҳуқуқ нестанд, ки парвандаҳои ноболиғонро тафтиш кунанд: «Дар ин самт бояд як система ба миён биёяд. Дар тамоми дунё зиёда аз сад сол шуд, ки чунин система амал менамояд. Имрӯз бисёр вазоратхонаҳо дар бобати ноболиғон фаъолияти корӣ доранд, ки ин ба функсияи онҳо дохил намешавад ва онҳо бояд   вазифаҳои худро иҷро кунанд».

- Сабаби асосии ба ҷиноят даст задани ноболиғон, ин ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудани волидони онҳо мебошад,-мегӯяд Ҷалолов. Номбурда мӯътақид аст, ки аз набудани падар ё модар дар оила ноболиғон бе назорат монда, даст ба дигар корҳо мезананд.