Амрико режими Исроил ва бархе аз ҳампаймонони ғарбиашро ҳамвора Теҳронро ба инҳироф аз барномаи сулҳомези энержи ҳастаӣ ва талош барои дастёбӣ ба ҷангафзорҳои ҳастаӣ муттаҳам кардаанд, аз ин иддаоҳо ба унвони баҳонае барои аъмоли таҳримҳои якҷониба ва байналмилалӣ, ҳамчунин таҳдид ба ҳамлаи низомӣ алайҳи Эрон истифода мекунанд.
Эрон бо радди ин иддаоҳо таъкид дорад, ба унвони яке аз имзокунандагони паймони манъи густариши ҷангафзорҳои ҳастаӣ ва яке аз аъзои ожонси байналмилалии энержи атомӣ, аз ҳаққи тавсиа ва дастёбӣ ба технологияи сулҳомези энержи атомӣ бархурдор аст.
Вашингтон ҳамчунин борҳо таъкид кардааст, дар сурати нокомии таҳримҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бар зидди миллати Эрон ва бо ҳадафи водор кардани Теҳрон ба таваққуфи барномаи энержи ҳастаияш, «гузинаҳои низомӣ» бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯйи миз қарр дорад.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти эронӣ ваъда доданд ба ҳар гуна ҳамлаи низомӣ посухи дандоншикан хоҳад дод. Эрон таҳдид кардааст, ки чунин таҳоҷуме ба рӯй додани ҷанге мунҷар мешавад, ки манотиқе дарунтар аз Ховари Миёнаро дар бар хоҳад гирифт.
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар байёния худ ба муносибати Наврӯз таъкид кард: «Миллати Эрон дар муқобили ҳар гуна таҳоҷуми эҳтимолӣ аз ҷониби Амрико ё режими Исроил дар ҳамон сатҳе, ки душман ҳамла кунад, ба онҳо ҳамла ҳоҳад кард: «Мо силоҳи атомӣ надорем, силоҳи атомӣ ҳам нахоҳем сохт, аммо дар муқобили таҳоҷуми душманон – чӣ Амрико ва чӣ режими саҳюнистӣ барои дифоъ аз худамон, дар ҳамон сатҳе, ки душман ҳамла кунад, ба онҳо ҳамла хоҳем кард».